Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷа, дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз баргузории нишасти муъовинони вазирони хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Фаронса, Олмон ва Англис барои баррасии масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ дар таърихи 9 озармоҳ хабар дод.
Бақоӣ гуфт, ки дар ин даври гуфтугӯҳо, як силсила мавзӯъҳо ва масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла масъалаи Фаластин ва Лубнон ва ҳамчунин масъалаи ҳастаӣ баррасӣ ва табодули назар мешавад.
342/